Ба саіифаи аслњ

Роі ба сўи Шуури Пок

 

Маїмўаи маѕолаіо 01

 

(Маѕолаіо 001 - 100)

 

 

0005. Пси:

«Усуліои саволгузорњ зимни кор бо консепсияіо»

 

Соч менависад: «ман худро аз іама бадтарин тасаввур мекардам ва аз худ мепурсидам: дар ман чњ таљйир ёфта истодааст? ба іама монеъаіои дар боло зикршуда нигоі накарда, чњ барои аз сар гузаронидани ишѕ халал мерасонад? Фарз кардем вай маро дўст намедорад ва ман іеї гоі аз вай ягон зуіуроти ишѕро нахоіам гирифт, аммо барои чњ бо іамин сабаб бояд он чизе, ки ман онро аз сар мегузаронам, бояд таљйир ёбад? Барои чњ новобаста ба ба іеї чиз, ман ба худ имконияти дар азсаргузаронии ишѕ воѕеъ буданро дода наметавонам?»

Маїмўи беітарини тарзіо: «аз іама чизи бадтаринро тасаввур кардан» + «ба худ саволіо додан». Оніоро іамчунин алоіида – алоіида низ истифода бурдан мумкин аст. Ман чунин тарзро истифода мебарам: «гузоштани саволіо ва їустуїўй кардани їавобіои софдилона», масалан барои мубориза бо консепсияіо. Ѕоидаи асосњ – їавоб додан ба худ дар бораи он чизіое, ки эітимол ту оніоро медонњ, дар бораи оніо ягон шубіа пайдо намешавад ва он чизеро, ки намедонњ, аз фикри худ чизе набофтан. «Аслиіаи» дўстдоштаи ман – саволи «барои чи?» мебошад. Іамин тавр як бозие дар бораи чиву чаро. Ман ягон консепсияро гирифта, онро бо саволи «барои чњ» ба бомбаборон кардан шурўъ мекунам. То он даме ки барои худ їавоби аниѕ ва фаіморо пайдо накунам. Муіим нест, ки вай «тарафдор» ё «муѕобил» аст, вай метавонад, ки іатто їавоб диіад, ки «намедонам». Аз іама асосњ он аст, ки їавоб бояд софдилона бошад.

Масалан: «Марг даішатнок аст»

Хати якум:

- Барои чњ?

- Барои он ки, тамоми одамон аз вай метарсанд.

- Барои чњ оніо аз вай метарсанд?

- Чунки оніо чунин мешуморанд, ки бо фаро расидани марг, мавїудияти оніо хотима меёбад.

- Барои чњ оніо чунин мешуморанд?

- Чунки одами фавтида аз зиндагии оніо дармегузарад (хориї мешавад), вай дигар барои оніо вуїуд надорад.

- Барои чњ вай барои оніо вуїуд надорад?

- Чунки оніо барои мавїуд будани вай далел надоранд, бо вай тамос мавїуд нест, дарки эісосшавандаи тамоси мазкур вуїуд надорад.

Аммо, агар ман дар їазираи беодам зиндагњ кунам ва ман бо тамоми дунёи дур аз худ тамос надошта бошам ва далели мавїуд будани дунёи мазкур вуїуд надошта бошад, аз ин хулоса бароварда мешавад, ки дунё іам мавїуд нест?

Хулоса: Агар мо таіти мафіуми марг барои худ ѕатъ шудани тамос бо дунёи маъмулиро фаімем, дар ин мавѕеъ кадом чиз «даішатнок» аст? Ин аз тарс дар назди номаълумњ дида, чизи бештаре нест. Ягон асосе мавїуд нест, ки бо фаро расидани марг дар іаѕиѕат іама чиз ѕатъ мешавад. Аммо асос барои баръакс будани он низ вуїуд надорад.. Охир, мант аїрибаи марги худро надорам, дар бораи таїрибаи марги дигарон бошад, ман чизе фаімида наметавонам, чунки агар оніо фавтида бошанд іам, аммо зинда мондааанд. Он гоі тибѕи муайянсозњ, оніо намурдаанд ва дар бораи таїрибаи мурдан наѕл карда наметавонанд. Ва агар мурда бошанд іам, он гоі тибѕи муайянсозњ іеї чиз наѕл карда наметавонанд. – тамос нест.

Консепсияи дигар пеш меояд: «номаълумњ даішатнок аст». Бо вай низ мутобтиѕи наѕшаи пешина кор бурда мешавад:

«Номаълумњ даішатнок аст»:

- Барои чњ номаълумњ даішатнок аст?

- Чунки маълум нест, ки чњ мешавад – бад ё наљз

- Аз хубњ, албатта, ман наметарсам, ман умуман наметарсам, аз ин мебарояд, ки дар паси номаълумњ ягон чизи баде пиніон аст.

- Барои чњ ман аз «бад» метарсам ва кадам «бад» - и мушахас дар назар дошта шудааст?

- Намедонам, іама іамин тавр мекунанд, ман низ іамчунин. Агар ман нафаімам, барои чњ ман кореро бояд кунам, ки онро іамту іеї гоі намекунам?

Хулоса: іамаи одамон кореро мекунанд, мана, масалан тамоми одамон (ба истиснои одамони барои ман нимафсонавњ буда, аз ѕабили Рамакришна ва дигарон) ѕариб бетаваѕѕуф ІН – ро эісос мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ман бояд кўр – кўрона инро таѕлид кунам – агар барои ин ба ѕадри кофњ асос надошта бошам ва агар чунин хоіишіоро эісос накунам. Балки іамту нишаста, аз «бади» маїіул битарсам… ин ба гурехтан аз ў кўмак расонида наметавонад, вале метавонад, ки зиндагиро бо тарс ва ташвишіо заіролуд кунад.

Мисоли дуюм: «Марг даішатнок аст»

- Чаро?

- Чунки іамаи одамон аз вай метарсанд.

- Чаро оніо аз марг метарсанд?

- Чунки оніо фикр мекунанд, ки бо фаро расидани марг, мавїудияти оніо хотима меёбад.

- Чаро мавїуд набудан даішатнок аст?

- Намедонам, ман дар ин їо посух намеёбам. Ман таїрибаи «мавїуд набуданро» надорам, ман іеї гоі дар бораи чунин мафіум чизе нашунидаам, ки аввал «мавїуд надоштам» ва баъд гуфта бошам, ки ин даішатнок аст.

Хулоса: консепсия асоси кофњ, барои минбаъд пайгирњ карда шуданашро доро намебошад.

Дар їараёни кор бо консепсияіо ман фаімидам, ки барои парешон кардани оніо на іамеша ташкил кардани зиддиконсепсия зарур мебошад. Агар ба тариѕи саволгузорњ ба консепсия, ман ба роіи сарбастаи мантиѕњ рў ба рў шавам, яъне ба фоидаи он далеліои аниѕ ёфта натавонам, он гоі чизи охирине, ки боѕњ мемонад, саволи мазкур аст: «Пас чаро гуфтаи мазкурро іамчун іаѕиѕат ѕабул карда, онро пайравњ мекунам?». Дар їамъбаст консепсия баріам мехўрад. Акнун таніо кор оид ба татбиѕ карда шудани сарфаімравии мазкур ба іаёти ашёњ боѕњ мемонад. Яъне бартараф сохтани одати пешинаи пайравњ кардан аз консепсия ва ташкил кардани одати нав – мутобиѕи он фаімиш, ки консепсия мазкур дурўљ аст (масалан, барои иїро кардани ин кор амалияи ивазкунии механикиро истифода намудан мумкин аст, іамчунин ба амаліои худ ва таілили сабабіо диѕѕат додан зарур аст). Іамин тариѕ, амалияи саволгузорњ, ба консепсияи ниіоњ, ошкор шудани іарза будани он оварда мерасонад ва консепсия дурўљи ошкоро мегардад, ки ин шарти якум ва іатмии парешонкунии вай ба шумор меравад.

Ё мана боз як консепсияи дигар: «Модарро ранїондан лозим нест»

- Барои чњ?

- Чунки вай ранїур ва озурда мешавад

- Чаро вай ранїур ва озурда мешавад?

- Чунки вай чунин мешуморад, ки агар ман бо вай на ба іамон тарзе рафтор кунам, ки «бояд» духтар бо модар рафтор кунад, он гоі вай «сабаб» меёбад, ки хафа шавад.

- Агар вай «сабаби» мазкурро дошта бошад, он гоі ин маіз «сабаби» ВАЙ мебошад, аз ин мебарояд, ки на ман ўро меранїонидаам, балки вай худаш ранїидан ё наранїиданро интихоб мекунад.

- Аммо агар ашёи дар оташ сурх карда шударо ба бадан такя намоем, дард новобаста ба интихоб, ба вуїуд меояд.

- Мо дар бораи іисіои дардовар не, балки дар хусуси ІН сухан гуфта истодаем. Дар ин мавѕеъ чунин якрангњ ва ногузирии аксуламал вуїуд надорад. Он чизеро, ки як одам як чизи беіудаи андак мешуморад, метавонад одами дигареро бениіоят сахт ранїонад. Барои іамин, ин маіз масъалаи беэътиѕодњ, масъалаи мавїуд будани эътиѕод, консепсия мебошад. Одам бошад, іаргиз дар назди консепсияіои худ іеї гоі бечора нест – вай метавонад муіокима карда истода эътиѕоди худро иваз намояд – ин интихоби вай мебошад.

Хулоса: ман наметавонам, ки бо рафтори худ модарамро ранїонам, агар худи вай «ранїидан» нахоіад; «ранїидани» вай ба ман вобаста нест, балки ба одатіо ва консепсияіои вай вобаста мебошад, ки таљйир додани оніо таніо дар дасти худи вай мебошад.

Ва боз іамин хел. Саволіо метавонанд гуногун бошанд. Аз іама чизи асосњ оніоро то охир баррасњ кардан зарур аст – то он даме, ки «ба умѕ нарасњ»

Роіи комилан самимњ бо он хусусияташ ба ман беітарин аст, ки агар на іама чиз фаімо бошад, іамеша ба худ савол доданро шурўъ кардан мумкин аст. Агар ба ин саволіо іаѕиѕатан софдилона їавоб дода шавад, он гоі ба чизіои бисёре равшанњ андохтан мумкин аст.