Ба саіифаи аслњ

Роі ба сўи Шуури Пок

 

Маїмўаи маѕолаіо 01

 

(Маѕолаіо 001 - 100)

 

0008. Силовсин:

«Паси сар кардани зарурият ба хўрок».

 

Ман талабот эісос кардам, то ин ки як муддат хўрокхўрии худро маідуд намоям, яъне таніо іамон хўрок бихўрам, ки хоіиши мазкур дар іаѕиѕат пурѕувват аст. Рўзона-ваѕте ки ман кор мекунам, бидуни хўрок зуд хасташавиро эісос мекунам, дар ваѕтіои боѕимонда бошад, бо шарбати мева ё себе худро ѕонеъ месозам. Ин зарурати дар хурдани хўрок маідуд кардани худ, бо хоіиши лољаршавњ, ё беітар кардани саломатњ іеї гуна иртиботе надорад. Дар ин їо ягон маѕсади мушахас мавїуд нест, фаѕат эісос мекунам, ки ман иїро кардани амали мазкурро мехоіам ва ин корро амалњ мекунам. Худро мушоіида карданіо маро дар іайрат мегузоранд.

Чњ тавре ки маълум мешавад, бо хўрокхўрии ман теъдоди зиёди консепсияіо, іиссиётіо ва амаліои механикњ алоѕаманд мебошад.

Ба ман, ба монанди кўдакони зиёди дигар дар кўдакњ талѕин намудаанд, ки іатман хўрок хўрдан зарур аст, онро, ки таъом хўрдан як чизи муѕаддас буда, эісос кардани гуруснагњ хеле зарарнок аст. Эісосу тоѕат кардан ба гуруснагњ, љайриимкон аст. Ту метавонњ, ки аз таъсири гуруснагњ заъиф шавњ. Ба касалиіои гастрит, авитаминоз ва љайраіо гирифтор гардњ. Агар баногоі ман мехостам, ки ягон чиз бихўрам, волидайн ва хешони дигарам аз іар їое, дар іама ваѕти шабонарўзњ бароям фаъолона ба їустуїўи хўрок шурўъ мекарданд. Ба хотир дорам, ки іатто ба кино бо бутерброд мерафтам. Ман одат карда будам, ки меъда бояд доимо пур бошад, бар замми ин, дар іамон лаізае, ки хоіиши хўрокхўрњ пайдо мешуд. Барои іамин ба хона равон шуда истода, дар іамин масъала хавотир будам – оё дар он їо ягон чизи хўрданњ вуїуд дошта бошад, чунки баногоі ман хўрок хўрдан бихоіаму хўрок ёфт нашавад. Волидайни ман (ман муддати тўлоние бо оніо зиндагњ намуда будам) іамеша захираіои гуногуни хўрок доштанд, іама доимо сер буданд ва іатто зиёдтар аз он. Барои ман чунин хавотирњ іамеша маъмулњ буд ва то іоло дар вуїуди ман зинда аст. Акнун ман бо іайронњ дармеёбам, ки хоіиши хўрдан комилан новобаста аз талаботи іаѕиѕњ ба хўрокхўрњ ба вуїуд меояд. Ваѕте ки ман ягон чиз хўрданњ мешавам, ѕариб іеї гоі гурусна нестам. Боз бо іайронии зиёдтар дармеёбам, ки пушти сар кардани хоіиши хўрокхўрњ, аз іама осонтар аст. Вай дар муѕоиса нисбат ба бартарафсозии эісосоти номатлуб, тамоман як чизи беарзиш аст. Ман таваїїўіи худро аз андешаіо дар бораи хўрок ва хоіиши хўрдани хўрок бозмегардонам ва баъд аз ин масъалаи мазкур худ ба худ нопадид мегардад. Ман умуман ин мавзўъро фаромўш мекунам. Магар зарур аст, ки як ѕисми зиндагии худро іамин тавр ташкил кунњ (масъалаи харидани маводи љизоњ, дар іаѕиѕат аксари ваѕтро масраф мекунад) ва доир ба іали масъалае, ки харї кардани ин ѕадар кўшиши камро талаб мекунад, хавотирњ эісос намоњ!

Дар 99% іолатіо, хўрок барои ман воситаи саргармњ, имконияти ба даст овардани таассурот (яъне ІМ) аз эісосоти гуворо, іамчунин яке аз тарзіои маъмултарини дур шудан аз ІН мебошад – іангоме, ки ман чизе мехўрам, лаззат мегирам, парвои ІН надорам. Аммо ваѕте ки ман љизоро хўрда тамом кардам, онро іал мекунам ва іангоми дар їараён мазкур ѕарор доштан низ, дар іолати заъифњ мебошам. Дар ин іолат ІН низ сусттар мебошад. Хоіиши бо оніо чизе кардан іам суст аст. Як чизест, монанди ба хоб љўттавар гардидан, ба фаромўшњ гирифтор шудан ва муваѕѕатан афтодан аз зиндагњ. Іозир ман дида истодам, ки чњ тавр ман дар бисёр ваѕтіо «нохушиіои» худро «фурў бурдан» мехоіам (яъне ІН) ва аз он чиз, ки ман инро намекунам, маро водор мекунад, ки ба мустаѕиман бартарафсозии оніо машљул шавам, оніоро баррасњ бикунаму ваѕтро кашол надиіам. Андеша дар бораи хўрок, мисли андеша дар бораи маводи мухаддир аст ва ваѕте ки ман дар як лаіза ба амалњ кардани хоіиши хўрок хўрдани худ дарнамеафтам, он гоі ким-кадом іолатеро іис мекунам ва дар ман хоіиши «аъзошиканњ» номидани іолати мазкур пайдо мешавад. Агар ман намедонистам, ІН-ро бартараф кардан имконпазир аст, шояд іамон тавре рафтор мекардам, ки истеъмолкнандаи маводи мухаддир аз набудани маводи мухаддир, рафтор мекард.

Аз як тараф ман іамеша кўшиш мекунам, ки дар захираи худ барои баногоі пайдо шудани гуруснагии баногоіњ, хўрок дошта бошам. Аз тарафи дигар бошад, мавїуд будани маводи хўрока дар ман хоіиши истеъмоли онро пайдо мекунонад ва іамин тариѕ іалѕа сарбаста мегардад, ман худам худамро ба хўрдани доимњ гирифтор мекунам (іамзамон ѕайд мекунам, ки ман он ѕадар зиёд хўрок истеъмол намекунам, аз вазни зиёдатии бадан ранї намекашам, ѕисмати асосии мушкилот, маіз тарафи равонии масъала аст). Дар айни замон ман куллан парво надорам, ки аз маводи љизоњ, дар хона чиіо мавїуд аст; ман медонам, ки пеш аз хоб ба љайр аз себ чизе нахоіам хўрд ва ин далел маро мутлаѕѕан ором мекунад.

Хўрок, чњ тавре ки акнун ман мебинам, як маросиме мебошад, ки теъдоди зиёди амал ва андешаро талаб мекунад. Фикр кардан лозим аст, ки бояд чњ бихарњ, ба он їо рафта мавод биёрњ, тайёр кунњ, ба болои табаѕчаіо гузорњ ва љайраву іоказо. Тамоми ин машљулиятіо низ, машљулият ва таассуроте мебошанд, ки зиндагии маро пурра месозанд, хаёлоти бофтаи маънњ эїод мекунанд ва ба іолати фаромўшњ ворид месозад. Дар іоли іозир, ваѕте ман медонам, ки бегоіњ љайр аз себ чизе нахоіам хўрд, маро іаяїон фаро мегирад, чаро ин тавр бояд бошад, хайр, чњ бояд кард? Бовар кунед, наметавонам, маълум мешавад, ки ман ягон машљулияте надорам! Агар ба иїро кардани маросиміои ба маводи љизоњ вобаста бударо шурўъ накунам, он гоі намедонам, ки бо чњ машљул шавам ва азми рафтан ба видеопрокат, ё хоіиши хондани ягон чизро мекунам. На барои ягон чизро фаімидан, барои навъе карда ваѕти мазкурро гузаронидан, худро бо чизе андармон кардан. Эітимол іолати мазкур, бо одамоне, ки тамокукаширо бас кардааанд, хос аст. Чњ тавре ки ман мебинам, вобастагии ман аз љизо таніо дар сатіи физиологњ пурѕувват набуда, балки ба сатіи одатии равонњ низ вобаста аст. Дар іоли іозир, ман дида истодам, ки дар ман ваѕти зиёд ва эісоси махсуси озодњ, «фазое», ки ман онро іамин ѕадар даљалона пур мекардам, пайдо шудааст. Дар іаѕиѕат, ман имрўз намедонам, ки бегоіиро чњ тавр аз сар мегузаронам, дар пешрўи ман номаълумии мутлаѕ истодааст. Іатто сояи муѕарарият вуїуд надорад. Эісоси озодии бузург. Гўё пештар ман дар паілўи мавїуде бо номи Меъда зиндагонњ мекардам, ки бояд дар іаѕѕи вай љамхорњ менамудам, мехўронидам, іар бегоі ба назди вай медавидам, іамеша занг зада меистодам, мепурсидам, ки вай чњ іол дорад, бо вай ягон чиз рўй надодааст ва акнун ин рафиѕ аз назди ман рафтааст. Ман дигар ягон касро набояд бипоям ва ниіоят мушкилоти вайро фаромўш карда, бо зиндагии худ машљул шудан мумкин аст.