Ба саіифаи аслњ

Роі ба сўи Шуури Пок

 

Маїмўаи маѕолаіо 01

 

(Маѕолаіо 001 - 100)

 

0019. Скво:

«Гўё ІН – и бесабаб».

 

ІН ва ЗН-и бесабаб вуїуд дошта наметавонанд. ІН ва ЗН іамеша бо ягон намуди консепсияіо пуштибонњ карда мешаванд, аммо консепсияіои мазкур метавонанд, ки ошкор набошанд.

Ваѕте ки ман бо чунин мушкилњ, яъне омехтагии хавотириіои бесабаб ва тарсіо рў ба рў шудам, дар аввал фикр кардам, ки іолати мазкур бо сабаби ягон консепсияи таніо ба амал меояд, хайр фарз кардем бо сабаби 2 ё 3 консепсияіо. Баъд аз як моіи бо іолати мазкур кор кардан (бартарафсозњ ва мушоіида кардан іангоми љайриимкон будани бартарафсозњ), ман ошкор кардам, ки вай тавассути шумораи зиёди консепсияіои хурд пуштибонњ карда мешаванд. Масалан ман ба шабака ворид мешавам ва почтаву конфуи худро дида мебароям. Хавотирњ ба вуїуд меояд ва ман мефаімам, ки вай аз он сабаб ба вуїуд меояд, ки ман дар айни замон тафтиш кардани почтаи худро намехоіам. Ман фаѕат хоіиши тафтиш кардани конфуи худро дорам, аммо ман чунин консепсия дорам, ки агар ба шабака даромада бошњ, іатман іамаро тафтиш кардан лозим аст. Мана боз як мисоли тозаи ба вазъият вобаста буда – ман почтаи худро боз кардам, ё ба шустани зарфіо шурўъ кардам ё ба иїро кардани ягон коре ољоз намудам ва дар їараёни ин кор хавотирњ ва хавф ба вуїуд омад. Ин бо он сабаб ба вуїуд омад, ки дар ман консепсияи кори сар кардаамро бояд ба охир расонам, мавїуд аст. Агар дар амаліои «калон» манъ шудан ва фаімидани он ки маіз іамин консепсия амал карда истодааст, осон бошад, дар амаліои їузъие, ки ман дар тўли соліои зиёд ба якхеле иїро кардани оніо одат кардаам, механизми мазкурро пайхас намекунам.

Тамоми зиндагии ман аз амаліои хурде иборат аст, ки оніоро ба амаліои боз іам хурдтар таѕсим кардан мумкин аст. То ин ки дар оніо іамон ѕисміое дарёфт шаванд, ки бо сабаби консепсия ба вуїуд омадаанд, ё амалњ кардани хоіишіои механикњ мебошанд. Барои іамин ѕадами аввалин зимни кор кардан бо «љамгиниіои бесабаб» - ин суст кардани фаъолият ва баріам задани занїиріои маъмулии амаліо ба паузаіо мебошад.

Дар паузаіо ва іангоми сустшавњ, ман оид ба бартарафсозии хавотирњ ва хавфіо саъю кўшиш ба харї медиіам ва кўшиш мекунам, ки консепсияро ёбам. Таілил кардани ин гуна консепсияіо, маъмулан талаб карда намешаванд. Агар ман бинам, ки хавотирњ ба вуїуд омадааст, ё аз он шиддатноктар шудааст, ки ба андешаи ман зарфіоро то охир бояд шуст, он гоі маъмулан іангоми тавлид шудани фикр, ки ман іар ваѕти дилхоі онро шуста метавонам, басанда аст, то ин ки консепсияи хурди мазкур канда гардида, хавотирњ бартараф карда шавад.

Іатто хоіиши ба амал овардани саъю кўшиш ва бартараф кардани хавотирњ, љолибан хавотириро ба вуїуд меорад. Масалан, субігоіон ман дар бистари хоб дароз кашидаам ва хавотирию хавф ба вуїуд меояд. Ман онро дарк мекунам, ки ин бо сабаби дар ман мавїуд будани консепсия ба вуїуд меояд, ки дар їойхоб дурудароз хобидан бад аст ва агар аллакай соатіои дуи рўз бошад, ин тамоман хуб нест – хестан лозим аст. Іар як водоркунњ ба тарафи «хестан» лаппишіои хавотириро ба вуїуд меорад, чунки ман хестан намехоіам. Іар як водоркунњ ба тарафи «боз іам хоб рафтан», хавфро ба вуїуд меорад.

Баъд аз іамаи иніо ман ѕарор медиіам, ки хавотириро бартараф созам ва ба іар іол бархезам ва он гоі хоіиши бартарафсозии хавотирњ, хавотирии навро ба вуїуд оварда метавонад. Ба фикрам, ин барои он ба вуїуд меояд, ки ман мехоіам хавотириро барои иїро кардани амали бо сабаби консепсия ба вуїуд омада, бартараф созам – бархестан барои он ки бархестан «лозим» аст. Маіз ана іаминро ман намехоіам. Ман мехоіам дар бистар љел зада хобида бошам ва замоне ки хавотирии бо сабаби љел заданам ба вуїуд омадаро бартараф мекунаму баъдан консепсияи «бархестан зарур аст»-ро яктарафа мекунам, фаѕат дар іамин маврид метавонам, ки іадди аѕѕал дар іолати равшану тирагунњ ѕарор бигирам ва аз «љел задан» лаззат бигирам. Аммо консепсияи «хестан зарур аст» мисли сўзанест, ки дар дунба халида шудааст. Вай гоі оі хавотирњ ва хавфіоро ба вуїуд меорад.

Агар ман іозир бо сабаби консепсия мазкур бархезам, он гоі ин амали механикњ ба шумор меравад. Як амалњ механикњ бошад, дар навбати худ амали механикии дигарро ба вуїуд меорад ва ман як лўнда бутуни ІН іосил мекунам. Ва агар ѕувваи бартарф сохтани хавотириро надошта бошам, яъне асос барои гумони он, ки лўндаи мазкурро бартараф карда наметавонам, мавїуд бошад, дар натиїа баъд аз як соат худро дар іолати даішатноки ѕисмати ѕафои амаліои механикњ дармеёбам. Он гоі дигар имконияти фаімидани чњ гуна зистан, чњ кор кардан боѕњ намемонад, чунки дигар ягон лаззате аз ягон чизе аллакай боѕњ намемонад. Барои іамин ман дароз кашидан ва бартарафсозиро аз ин хавотирњ ба вуїудояндаро идома медиіам. Іамзамон консепсияро таіѕиѕ карда истода, фаѕат іамон ваѕт бармехезам, ки «бархестан» ба лаззат, амалњ кардани хоіиши шодиомез, мубаддал мешавад.

Хавотирњ іамчун оѕибати зиддияти хоіишіои бо сабаби консептуалњ пайдо шуда, ба вуїуд меояд. Вай іама ваѕт дар іолатіое пайдо мешавад, ки ман іамон коріои бо сабаби консепсепсия ба вуїуд омадаро иїро мекунам, яъне он чизе, ки одамро аз пуррагии зиндагњ ва хоіишіои шодиомез дур мекунад. Хавотирњ іамеша бо «лозим аст» мушоият мешавад.

Дар айни замон, он ки хавотирњ ва хавф бурдан одамро заіролуд мекунанд, іамеша хоіиши идома додани іамон фаъолияти бо љамгиниіои мазкур мушоиятшаванда мавїуд аст. Чунки ман таассурот іосил мекунам ва манъ шудан намехоіам. Амалњ кардани хоіишіои механикњ - ин аз он їумла ба даст овардани таассуротіое мебошад, ки аз оніо љолибан хоіиши рад кардани ман мавїуд нест. Маіз таассурот монеъа барои суст кардани фаъолият, иїро кардани пауза ва гузаронидани панїдаѕиѕагњ барои бартарафсозии ІН мебошад. Ва маіз хоіиши доштани таассурот монеъа барои бартарафсозии хавотирњ, іатто дар ваѕти сустшавњ ва панїдаѕиѕагиіо мебошад. Ман метавонам іамон фаъолиятеро, ки бо хавотирњ ва хавфіо мушоият шуда буданд, ѕатъ намоям, ба харї додани саъю кўшишро оид ба бартарафсозии ІН ољоз кунам. Іамзамон андеша карда истода, ки дар іоли іозир љамгиниіоро бартараф сохта, ба іамин фаъолият бармегардам. Іол он ки амали босамартару таъсирбахштар бартараф кардани љамгиниіо ва аз нав таілил кардани он хоіиш, ки дар айни замон ман чњ мехоіам, ба шумор меравад. Ман бошам ба іамон фаъолияте баста шуда мемонам, ки вай хавотирњ ва хавфіоро пайдо кунонидааст, іамон фаъолияте, ки амалњ кардани хоіишіои бо сабабіоии консептуалњ ба вуїуд омада ва хоіиши таассурот ба іисоб меравад.

Іангоми кор оид ба бартарафсозии љамгиниіои бузурги бо панїараи мини- консепсияіо пуштибонишаванда, ман іамчун заргар будан мехоіам. Мехоіам, ки пайгирона мушоіида кардани іар як іаракат, іар як ѕабул кардани ѕарори їузъиро ёд гирам. Ин ба назар љайриимкон метобад, аммо іамин ки ба селоби лаззат дар зарфи 2-3 сония афтидњ, зуд їидду їаіди бо ин машљул шудан пайдо мешавад. Ва іамин ки вай пайдо мешавад, тамоми амаліои консептуалњ барїаста хоіанд шуд. Ман роіи дигареро намебинам. Бартарафсозии ІН + таілили тамоми амаліо ва ѕароріо. Дар айни замон зиндагии ман – ин чанд даѕиѕа ѕарор доштан дар сели лаззат мебошад, іангоме ки ман хоіишіои шодиомези худро амалњ карда метавонам (яъне іамин хеліое вуїуд доранд, ки бо ДМ мушоият мешаванд ва бо оніо іамоіангњ мекунанд). Баъдан ІН, хавотирњ, хориї шудан аз сели лаззат, муборизаи дурудароз (ман іар ѕадар, ки бештар ба хавотирњ мечаспидам, хориї аз сели мазкур будан іамон ѕадар тўлонитар аст, іамон ѕадар ваѕт лозим аст, то ин ки ба вай баргардњ). Ваѕте ки хориїшавњ ба амал меояд, фаъолияти ягонае, ки заіролуд намекунад, ин бартарафсозии ІН ва таілили іамаи амаліо мебошад, чунки тамоми чизіои боѕимонда таніо ба часпидани зиёдтар бо 4Н меоварад.

 

Стратегияи кор бо «љамгиниіои бесабаб»:

 

1. Баѕайдгирии іар як даѕиѕагњ.

2.Таѕсим кардани фаъолият ба бахшіо. Масалан, кор дар паси компютер, љолибан ба хавотириіо меоварад. Шиддатнокии хавотирњ метавонад, ки вобаста ба воѕеъ будани ман дар шабака, ё навиштани іисобот ё їавоб додани ман ба мактубіо бошад. Баъдан, іар як чунин бахшро ман бо кўмаки баѕайдгири іар як даѕиѕагњ баіогузорњ мекунам. Ба ман иїро кардани баѕайдгирии іар як даѕиѕагњ дар дафтаре, ки дар назди комп воѕеъ мебошад, хеле ѕулай аст ва онро чунин иїро мекунам: номи бахши фаъолиятро ва аз поёни он раѕаміоеро, ки шиддатноки миёнаи ЗН-ро дар даѕиѕаи мазкур нишон медиіад, менависам. Ва іамин тариѕ ман метавонам, ки іар як бегоі пешравњ дар бартарафсозии хавотириро, дар іар іар як бахш баіогузорњ намоям.

3. Іамин ки хавотирњ шурўъ мешавад, ман фаъолиятро давом намедиіам, манъ мешавам ва тамоми ѕувваи худро барои бартараф кардани ІН ба харї медиіам. Ман барои таассурот бардоштан аз фаъолияти мазкур, таніо як дасти худро дароз карда намеистам, балки тамоми таваїїўіи худро аз іамаи хоіишіо мебардорам, љайр аз хоіиши дар айни замон аз сар гузаронидани ДМ.

4. Гузаронидани панїдаѕиѕагиіо оид ба бартарафсозии тамоми ІН.

5. Їустуїўй ва бартарфсозии консепсияіо ва консепсияіои їузъњ. Ба фикри ман аз іама їиддитарин консепсияіое, ки хавотирњ ва хавфро тавлид мекунанд, ин консепсияіо ба монанди «ман бояд ину он ва іамину іамон корро бикунам», «ба ман лозим аст, ки...» ва љайраіо мебошад.

6. Амалияи табдилкунии механикњ – «ягон сабаб барои хавотирњ вуїуд надорад»; «ман метавонам таніо іамон кореро бикунам, ки мехоіам»; «ман мехоіам ѕаноатмандњ бигирам».